Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Ереван ширкат ва суханронӣ карданд
16 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ва Котиботи Конвенсияи Созмони Милал оид ба гуногунии биологӣ барои ташкили ҳамоиш изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22019
401


