Ҳабси 17 мухлиси футбол пас аз муноқиша
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол барои муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, пас аз нашри навори муноқишаи мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони милитсия барои муайян кардани иштирокчиёни ҳодиса чораҳои дахлдор андешиданд.
Нисбат ба 17 нафар тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шудааст. Бо қарори суд онҳо ба муҳлати панҷ шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Мақомоти корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки чорабиниҳои варзишӣ бояд ба таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар мусоидат кунанд. Ҳама гуна муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо тибқи қонунгузорӣ баррасӣ шуда, нисбат ба қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21925
6
