Санади ҳусни тафоҳум барои рушди ҳамкориҳо миёни "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва ҳамтои Қазоқистон имзо шуд
Рӯзҳои 14-15 октябри соли равон дар ҳошияи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» дар шаҳри Остона вохӯрии Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо Раиси Раёсати Роҳи оҳани Қазоқистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, густариши ҳамлу нақли байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи логистикиро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо Протоколи ҳамоишро ба имзо расониданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан нигаронида шудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21916
417


