Шавкат Мирзиёев қонуни наверо имзо кард, ки ҷазоро барои зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба ноболиғонро сахттар мекунад
Тибқи қонуни нав, барои таҷовуз ва баъзе дигар ҷиноятҳои вазнини ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони то 14-сола аз озодӣ ба муҳлати то 25 сол ё ҳабси абад пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои чунин ҷиноятҳои махсусан вазнин гузашти вақт дигар сабаби озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ намегардад.
Шахсоне, ки қасдан ҷиноят содир карда, боиси марги кӯдак шудаанд, наметавонанд шартан ё пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шаванд. Қонун инчунин пешбинӣ мекунад, ки кӯдакони ҷабрдида ҳангоми тафтишот ва мурофиаи судӣ аз ҳисоби давлат бо адвокати ройгон таъмин шуда, бозпурсии онҳо ба навор гирифта шавад.
Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, ин тағйирот барои тақвияти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кӯдакон қабул шудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21903
419