"Роҳи оҳани Тоҷикистон" қасд дорад бо Ҷумҳурии Чехия дар арсаи нақлиёт ҳамкорӣ кунад
15 октябри соли 2026 Комил Мирзоалӣ, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бо ҳайати Чехия таҳти роҳбарии Иван Беднарик, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд. мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Х.Ибодзода ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Қазоқистон Павел Шепеляк иштирок карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, густариши робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, рушди ҳамлу нақли бор ва боркашонии транзитӣ ва мубодилаи таҷриба дар навсозии инфрасохтори роҳи оҳанро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории судманди мутақобила ва густариши ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21996
356


