Имрӯз – Рӯзи кинои тоҷик аст. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
Муовини мудири «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода иттилоъ дод, аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм, аз ҷумла 55 филми ҳунарӣ, 37 филми кӯтоҳи ҳунарӣ, 209 филми мустанад ва 12 филми тасвирӣ ба навор гирифта шудааст. Ин рақамҳо аз густариши тавлидоти синамоӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» татбиқ мегардад, ки барои рушди инфрасохтори соҳа, тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва фаъолияти самараноки кинои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати филмҳо ва ҷавобгӯ сохтани он ба талаботи замони муосир соҳаи кино пайваста бо мутахассисону кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти техникии муосири филмбардорӣ таъмин мегардад. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи он аст, ки соҳаи кинои миллӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардида, дар ҳифз ва инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.
Яке аз ҳадафҳои барнома омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи кинои миллӣ мебошад. Дар ин замина бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Агентии федералии Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК) барои довталабон аз Тоҷикистон коргоҳи махсуси ҳунарпешагӣ таъсис дода шудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22039
7
