Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Восеъ ба марҳалаи нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ворид шуд.
Моҳи октябр дар ноҳия беш аз 390 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Аз ҷумла, ду корхонаи хиштбарорӣ «Бадахшон Тур» ва «Шукӯҳи маҳсулоти сохтмонӣ» (дар маҷмуъ бо 60 ҷойи кор) ва як корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор сар паранда ба фаъолият оғоз намуданд.
Дар соҳаи маориф низ раванди созандагӣ идома дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 20 муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, ҳамзамон сохтмони кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон ба роҳ монда шудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22100
416
