Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ҳафтум) доир гардид.
Маҷлиси миллӣ Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои мукаммал «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи муҳоҷират» ва «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.
Ҳамчунин ба як қатор кодексҳо (ҷиноятӣ, меҳнат, оила, шаҳрсозӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) ва қонунҳо «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ипотека», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Илова бар ин, пешниҳоди Ҳукумати кишвар оид ба мансуб донистани маҳалли нави аҳолинишин ба категорияи деҳа дар ноҳияи Қубодиён дастгирӣ ёфта, бинобар вафоти узви Маҷлиси миллӣ Алишер Мирзонабот ваколати ӯ пеш аз муҳлат қатъ гардид
Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
