Дар Душанбе Ҷашни Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таҷлил гардид
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имруз дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати Ҷашни Меҳргон намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд.
Дар доираи ин тадбир ҳамчунин Иди тарбузу харбуза, каду, себу ангур, намоиш-фурӯши асал ва Оши палав баргузор гардида, деҳқонону ҳунармандон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар меваву сабзавот, шоливу биринҷ, асали тоза ва таомҳои миллиро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намуданд. Инчунин аз ин чорабинии фарҳангӣ меҳмонони зиёд, аз ҷумла намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дидан карданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22121
298









