TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21699 411
Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” анҷом ёфт
 
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. Аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ Мавлавӣ Қаюмов ва байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Фотима Саидикромова сазовори ҷойи якум гардиданд.
 
Ҷойи дуюм байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ насиби донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳиба Абдуллоева ва байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ насиби донишҷӯи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Майрам Баротова гардид.
 
Ҳамчунин донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Умринисо Бердишукурова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зира Қурбонова, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Шабнам Бобоёрзода ва курсанти Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Муродзода сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ба ҳар ғолиби ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 7 ҳазору 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026Мотосикли қоидавайронкун ба ҷаримагоҳ интиқол шуд Кормандони Маркази «Шаҳри бехатар» барои…
  2. Oct 13, 2026TBEA Душанбе - саноати куҳӣ дар канори тилло боз кадом фулузоти нодирро истихроҷ мекунад?…
  3. Oct 13, 2026Дар Бадахшон боз як неругоҳи хуршедӣ фаъол гашт Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухт…
  4. Oct 13, 2026Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ (1897-1971) Аввалин доктори илм (1934) аз миёни тоҷикон, р…
  5. Oct 13, 2026Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбӣ 70 дарсад иҷро шуд: кадом шаҳру ноҳияҳо нақшаро пурр…
  6. Oct 13, 2026Президент Путин қатли Лораҷониро иштибоҳи бузург унвон кард Президенти Русия Владимир Пути…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →