TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21691 411
“Тоҷикфилм” ва бахши робитаҳои фарҳангии Британия ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳанг ва синамо баррасӣ карданд
 
Дар «Тоҷикфилм» мулоқоти мудири муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо мудири бахши робитаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва касбии Шурои Британия (British Council) Майкл Холгейт баргузор гардид.
 
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, омӯзиши забони англисӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва таҳкими робитаҳои тахассусӣ миёни Британияи Кабир ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Ҷонибҳо доир ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳои муштарак дар самти синамо, ҷалби мутахассисон ба барномаҳои омӯзишӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароит барои табодули таҷрибаи эҷодӣ ибрози назар карданд.
 
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва касбӣ метавонад ба густариши робитаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани маҳорати мутахассисони соҳаи кино ва муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 12, 2026Дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон барои сайёҳон паноҳгоҳи изтирорӣ фаъол гардид 📱 Обуна ш…
  2. Oct 12, 2026🇵🇰Дар Покистон ҳавопаймои омӯзишии неруҳои ҳавоӣ ба далели нуқси фаннӣ суқут кард. Ҳар д…
  3. Oct 12, 2026Тиҷорати шабонарӯзӣ ва чойи ройгон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба…
  4. Oct 12, 2026Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид Имрӯз т…
  5. Oct 12, 2026“Тоҷикфилм” ва Россотрудничество ҳамкориҳоро дар соҳаи синамо густариш медиҳанд Дар «Тоҷик…
  6. Oct 12, 2026Эрон қасд дорад дар зудтарин фурсат ба феҳрасти 10 кишвари беҳтарини ҷаҳон дар соҳаи ҳуши…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →