Суханони намояндаи Ҷ.И.Эрон дар вокуниш ба ҳаттокиҳои намояндаи Олмон
Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи пешини Ҷ.И.Эрон, дар нишасти Маҷмаи умумии Иттиҳодияи байналмаҷолис, ки дар Танзания баргузор шуд, дар вокуниш ба изҳороти намояндаи порлумони Олмон нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин иҷлос, гуфт:
“Дар бораи ҳарфҳои берабти ин хонум, ки бо ин гуна маҷомеъ ва қавонини ҳоким бар он ошноӣ надорад, бояд гуфт, ки ӯ ароҷифи радиои Исроилро дар изҳороти худ мезанад.” Муттакӣ тасреҳ кард: “Садри аъзами Олмон эълом кардааст, ки мо корҳои касифи Исроилро анҷом медиҳем; бинобар ин, ин хонуми беадаб ва дигари авомили саҳюнистҳо бояд бидонанд, ки миллати Эрон дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ сукут нахоҳад кард.”
Вай афзуд: “Ба режими Исроил бигӯед, миллати Эрони дандонҳои Натонёҳуи кӯдаккуш ва Тромпи ҷинояткорро хоҳад шикаст ва онҳо бояд мунтазири кайфари ҷиноёти худ бошанд. Миллати Эрон хуни шуҳадои худро фаромӯш нахоҳад кард ва интиқоми хуни имоми шаҳидамон, Имом Хоманаиро хоҳем гирифт.”
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21680
342