🇹🇯Пирӯзии бузурги дастаи духтарони Тоҷикистон бар Иморот дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё
Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон дар бозии ахири марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дода, дар гурӯҳи "А" мақоми дуюмро касб кард. Ин дидор рӯзи 11-уми октябр дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи духтарони то 17-солаи тоҷик ба поён расид. Чор голи Тоҷикистонро Омина Ҳусайнова ба самар расонида, "покер" анҷом дод. Як голи дигарро Маҳиноз Нурова зад.
Бо вуҷуди ин ғалаба, духтарони тоҷик ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфта натавонистанд. Аз гурӯҳи "А" Куриёи Ҷанубӣ бо пирӯзӣ дар ҳама бозиҳо ва дарёфти 9 имтиёз ба ин мусобиқа роҳхат гирифт.
Тоҷикистон бо як ғалаба, як мусовӣ ва як бохт соҳиби 4 хол шуда, ҷойи дуюмро гирифт. Урдун дар гурӯҳи "А" сеюм ва Иморот чорум шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21663
412