«Сипар» барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дастаи «Истиқлол»-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, соҳиби Ҷом гардид.
Дилшод Саломов (Истиқлол) гол зад ва ҳисобро кушод. «Сипар» баъди 3 дақиқа ҳисобро баробар кард. Хосе Паҳаро (Истиқлол) голи дуюмро зад. Фелипе Виейра ду гол зада, пирӯзии «Сипар»-ро таъмин кард.
Бо ин пирӯзӣ «Сипар» Ҷоми Тоҷикистонро ҳифз кард. Ин даста соли 2025 низ барандаи мусобиқа шуда буд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21545
410
