Сокинони деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд
Сокинони деҳаи Зарнисор-1-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баъди беш аз 70 соли норасоӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ин мушкилӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми сокинон пурра бартараф карда шуд.
Дар доираи ин иқдом хати оби нӯшокӣ ба масофаи тақрибан як километр кашида шуда, об аз зарфи бузург тавассути қубурҳо ба 100 хоҷагии деҳа ба таври худҷорӣ интиқол меёбад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21613
3
