Дар Вазорати меҳнат ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ зери раёсати вазир Солеҳа Холмаҳамдзода доир шуд.
Дар нишаст фаъолияти кумитаҳои маҳаллии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ШНТҶ дар соли 2025 ва нимсолаи аввали соли 2026 баррасӣ гардида, гузориши масъулони соҳа шунида шуд. Иштирокчиён ҷиҳати тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ пешниҳодҳо ворид намуда, дар анҷом қарори дахлдор қабул карданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21622
6
