Мулоқоти раисони судҳои олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
Дар Душанбе мулоқоти дуҷонибаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷрибаи касбӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти судӣ ва баланд бардоштани малакаи судяҳоро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои касбӣ бо ҳокимияти судии кишварҳои ИДМ дар асоси эҳтироми мутақобил ва эътимод аҳаммияти хосса медиҳад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21610
5
