Дар Данғара Рӯзи фалак таҷлил гардид
Дар боғи фарҳангию фароғатии «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара бахшида ба Рӯзи фалак чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки фалак ҳамчун яке аз жанрҳои куҳан ва арзишманди мусиқии суннатии тоҷик таҷассумгари таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошад.
Иштирокчиён ҳамчунин ба аҳамияти ҳифз, эҳё ва рушди санъати фалак, гиромидошти ҳунармандон ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ин мероси фарҳангӣ таъкид намуданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21502
415
