Боркашонӣ дар Тоҷикистон 15,2% афзуд
Дар моҳҳои январ-августи соли 2026 ҳаҷми боркашонӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба 113,8 млн тонна расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 15,2 фоиз бештар аст. Қисми асосии боркашонӣ ба нақлиёти автомобилӣ рост омада, саҳми он ба 95,4 фоиз баробар мебошад.
Тафсилоти бештар дар баргаҳо.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21584
4

