Дар ноҳияи Ҳамадонӣ аввалин зеристгоҳи барқии 110 кв ба истифода дита шуд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ-и «Ҷӯбек» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин аввалин иншооти барқии 110 кВ дар ҳудуди ноҳия буда, аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бунёд гардидааст.
Ҷиҳати пайваст намудани зеристгоҳ ба низоми ягонаи энергетикӣ аз зеристгоҳи «Кӯлобдарё»-и ноҳияи Восеъ ба масофаи 14,5 километр хати нави интиқоли барқи 110 кВ кашида шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21590
4
