Ободонӣ ва рушди кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд корҳои созандагӣ идома доранд. Дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мактаби хусусии «Идрок» барои 480 хонанда ва боғчаи кӯдаконаи «Ғунчаи баҳор» барои 150 кӯдак бунёд гардиданд. Ин муассисаҳо дорои шароити замонавӣ ва инфрасохтори зарурии таълимиву варзишӣ мебошанд.
Ҳамчунин, кишоварзони ноҳия тавассути кофтани чоҳҳои амудӣ беш аз 200 гектар заминҳои лалмиро ба гардиши кишоварзӣ ворид намуданд. Имсол дар беш аз 2,5 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Деҳқононе, ки соли 2025 беш аз 70 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда буданд, тасмим доранд ҳаҷми истеҳсолро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21592
3

