Мулоқоти Президенти АМИТ бо бостоншиносони хориҷӣ
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Аз гузашта ба оянда: 25 соли ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон” мулоқоти президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода бо гурӯҳи бостоншиносон аз Фаронса, Италия ва Россия (Маскав) баргузор гардид.
Дар нишаст масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ, ташкили экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқот ва омодасозии мутахассисони ҷавон баррасӣ шуданд. Боздиди муҳаққиқон ба раванди омодасозӣ ва муаррифии мавзеъҳои қадимии кишвар, аз ҷумла ёдгории Кӯлдара бо таърихи 1-млн.-сола ба Рӯйхати пешакии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва таҳқиқи дигар осори таърихӣ мусоидат хоҳад кард.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21587
3

