Гала-консерти «Марвориднаво»: ҳодисаи муҳими фарҳангии сол
23 октябр, соати 18:00 дар саҳнаи Театри миллӣ ҳодисаи муҳими фарҳангии сол - гала-консерти бузурги «Марвориднаво» баргузор мегардад. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бори аввал ин барномаи бошукӯҳро манзури мухлисон мегардонад.
Дар ин шаби фарҳангӣ ситораҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ - Рустам Дулоев (тенор, Тоҷикистон), Вероника Джиоева (Русия,сопрано), Мила Вилотижевич (Италия, La Scala) ва Самир Абдуразоқов (фортепиано, Тоҷикистон) ҳунарнамоӣ мекунанд. Барнома бо иштироки хори академӣ ва оркестри симфонӣ зери роҳбарии маэстро Анвар Шоймуродов (Тоҷикистон) ва Хобарт Эрл (Венесуэла) доир мегардад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21586
5
