Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ, ки аз 18 то 24 октябр дар Ҷопон доир мегарданд, баргузор гардид. Ҳайати мамлакат барои иштирок дар мусобиқаи мазкур аз 24 нафар, аз ҷумла 13 варзишгар, 5 мураббӣ ва 6 намояндаи расмӣ иборат мебошад. Варзишгарони тоҷик дар шаш намуди варзиш барои ҳимояи шарафи варзишии Тоҷикистон ва ба даст овардани натиҷаҳои арзанда талош хоҳанд кард.
Бо мақсади таъмини иштироки сазовори даста корҳои зарурии ташкиливу омодагӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои аккредитатсияи ҳайат, тасдиқи иштироки варзишгарон аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ, мутобиқат ба талаботи тахассусӣ ва квотаҳои муқарраргардида ҳал карда шуданд.
Ҳамзамон барои ҷойгиркунӣ ва таъмини хӯроки иштирокчиён дар меҳмонхонаҳои пешбинишудаи шаҳри Нагояи Ҷопон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Ҳама иштирокчиёни интихобшуда бо чиптаҳои ҳавопаймо, кортҳои аккредитатсионӣ, либоси ягонаи варзишӣ, либоси расмӣ ва лавозимоти зарурӣ таъмин шудаанд. Сафарбарии ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2026 оғоз гардида, то нимаи дуюми моҳи октябр идома меёбад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21412
91


