TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21344 154
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
 
8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.
 
Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
 
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 8, 2026Ташрифи ҳайати фаронсавӣ ба Тоҷикистон барои баррасии тақвияти ҳамкориҳо барои пешгирии ха…
  2. Oct 8, 2026Ба рӯзноманигорони соҳаи тиб шаҳодатномаи хатми курси тиббӣ супорида шуд Имрӯз дар маҷлисг…
  3. Oct 8, 2026Мумфаршкунии роҳи асосии маҳаллаи Кибил-Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули сангини шаҳри Норак…
  4. Oct 8, 2026🇺🇸Ман аз нобудшавии ҷаҳон ҷилавгирӣ кардам, -- Трамп шарҳ дод, ки чаро номзадиаш ба ҷоиз…
  5. Oct 8, 2026Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 3 коргоҳи истеҳсолии либосҳои мактабӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо беш а…
  6. Oct 8, 2026Пулиси Тоҷикистон сеҳргари ба забони англисинависро боздошт карданд Дар шаҳри Ваҳдат корма…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →