“Новобаста аз он ки ба ман ҷоизаи Нобелро медиҳанд ё хайр, ман кори бузургеро анҷом додам.
Кореро кардам, ки то ҳол касе накардааст. Ман худро таъриф намекунам, танҳо воқеиятро мегӯям.
Шояд, то ҳол ҳеҷ яке аз раисони ҷумҳур ҳеҷ як ҷангеро анҷом надодаанд. Ман ҳашт ҷангро анҷом додам. Ва интизор меравад, боз як ҷанги дигар анҷом меёбад”,
-- зикр кард раиси ҷумҳури ИМА, вале нагуфт кадом ҷангро дар назар дорад.
Трамп ҳамчунин Барак Обамаро мавриди интиқод қарор дод, ки соли 2009 ҷоизаи Нобелро гирифт ва гуфт “то ҳол намедонам, барои чӣ ба ӯ ин ҷоиза ихтисос дода шуд”.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед