Президенти Тоҷикистон коргоҳи нави “Ғаюр Текстайл”-ро ифтитоҳ карданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҶДММ «Ғаюр Текстайл» дар шаҳри Кӯлоб коргоҳи нави истеҳсоли дастпӯшакҳои сохтмониро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави саноатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат ва бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло бунёд гардидааст.
Коргоҳ бо 112 дастгоҳи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти он мутобиқ ба талаботи замони муосир истеҳсол карда мешавад. Бо оғози фаъолияти коргоҳ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамзамон, дар ҶДММ «Ғаюр Текстайл» истеҳсоли навъҳои гуногуни ҷӯроб ба роҳ монда шуда, айни ҳол дар корхона ҳудуди 200 нафар сокини маҳаллӣ фаъолият доранд. Дар доираи марҳилаи сеюми тавсеаи корхона насби 277 дастгоҳи нави ҷӯроббофӣ пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо маром идома дошта, тибқи нақша он то Ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор дода мешавад. Бо ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи нав боз 100 ҷойи нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21319
408