Тиҷорати Тоҷикистон бо чор кишвари Осиёи Марказӣ аз $1,6 млрд гузашт
Ҳаҷми гардиши моли Тоҷикистон бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар ҳашт моҳи соли равон (январ–август) $1,67 млрд ро ташкил дод, ки ин тақрибан 18%-и тамоми тиҷорати хориҷии кишвар аст. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ба $9,23 млрд доллар расидааст.
Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми тиҷорат бо Тоҷикистон ҳамоно аз дигар кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас пешсаф аст. Ба ин беш аз нисфи тамоми гардиши молии ҷумҳурӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд. Дар баробари ин, тиҷорати ду кишвар асосан аз ҳисоби интиқоли мол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ташаккул меёбад. Дар ҳашт моҳ, воридот аз он ҷо нисбат ба содироти Тоҷикистон беш аз 13 маротиба зиёд буд.
Дар савдо бо Ӯзбекистон вазъ дигар аст. Ҳарчанд аз рӯи ҳаҷми умумии гардиши мол аз Қазоқистон қафо монад ҳам, байни кишварҳои минтақа маҳз Ӯзбекистон бузургтарин бозор барои молҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба он беш аз се ду ҳиссаи содироти Тоҷикистон ба чаҳор кишвари ҳамсоя рост меояд. Туркманистон ва Қирғизистон ҳоло дар савдои минтақавии Тоҷикистон ҳиссаи начандон зиёд доранд, аммо суръати баландтарини афзоиш дар соли 2026 маҳз дар ин ду самт сабт шудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21318
411
