TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21316 326
Дар Тоҷикистон беш аз 400 макони сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб ҳастанд
 
Соли равон дар мамлакат «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул карда шуд. Ин барнома ба рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, ба ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифӣ ва таблиғоти манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғибу оммавигардонии фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани худшиносии аҳолӣ равона шудааст.
 
Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар шаҳрҳои таърихӣ, деҳаҳои дорои мероси фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебоманзарро пешбинӣ менамояд. Яке аз самтҳои ҷолиб - ин рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ мебошад. Саёҳат ба хона-музейҳои шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанг, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Сайидалӣ Вализода ва Лоиқ Шералӣ метавонад барои насли нав василаи шиносоӣ бо таъриху адабиёти миллӣ гардад. Ҳамчунин ташкили масирҳои сайёҳии зиёратӣ ба 133 макони муқаддас, оромгоҳ ва мақбара пешбинӣ шудааст.
 
Рушди сайёҳии дохилӣ маънои онро дорад, ки сокинони мамлакат сарзаминашонро бештар шиносанд. Шиносоӣ бо мавзеъҳои зебоманзару таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳафткӯл, Искандаркӯл, Чилдухтарон, Сари Хосор, Чилучорчашма, инчунин шаҳрҳои қадимии Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан ва Кӯлоб барои шаҳрвандон имконияти бештар фароҳам меорад, то бо табиати нотакрор, таърихи пурғановат ва фарҳанги миллии худ аз наздик шинос шаванд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 7, 2026🌎Рӯзи ҷумъа дар Замин тӯфонҳои қаҳрабоиро интизоранд: "Ҳафтаи ҷорӣ бо боло рафтани ҳадди…
  2. Oct 7, 2026Хабарнигорони вилояти Суғд аз Қалъаи Сарвода дар ноҳияи Айнӣ дидан карданд "Корвони хабарн…
  3. Oct 7, 2026Дар поёни маросими ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб президенти кишвар…
  4. Oct 7, 2026Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор…
  5. Oct 7, 2026Дар шаҳри Душанбе ХХ умин Бозихои ҷашнии (ҷавонони) Делфӣ, давлатҳои иштирокчии ИДМ идома…
  6. Oct 7, 2026Дар “Тоҷикфилм” Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор шуд Имрӯз дар М…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →