Дар шаҳри Гулистон Ҳамоиши IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи рӯди Сир – 2026 доир гардид
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ҳамоиши IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи рӯди Сир – 2026 доир гардид. Ҳадафи он баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар масъалаҳои идоракунии комплексии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Дар ҳамоиши намояндагони ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, омӯзгорон, коршиносон, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва дигар ташкилоти манфиатдор иштирок намуданд. Иштирокдорон масъалаҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба нақши ҷавонон ва иштироки амалии онҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ зоҳир гардид.
Барномаи ҳамоиш қолабҳои иттилоотӣ ва амалиро муттаҳид карда, дар қисмати амалии форум иштирокдорон модели ҳавзаи рӯди Сирро сохтанд. Он робитаҳои байни захираҳои об, экосистемаҳои табиӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва фаъолияти иқтисодиро ба таври визуалӣ нишон дод. Дар доираи ҳамоиш инчунин чорабиниҳои интерактивӣ гузаронида шуданд. Ҳамоиш ҳамчун замина барои мубодилаи таҷриба байни аъзои «Нозирони сабз»-и се кишвар, муҳокимаи ҳамкории оянда ва ташаббусҳои муштарак хизмат намуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21315
381
