TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 919 subscribers
Post #16421 73
Дар Душанбе ба системаи гармидиҳӣ 39 иншооти нав пайваст мешаванд

Дар мавсими нави гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе 39 иншооти нав бори аввал ба низоми гармидиҳии марказӣ пайваст карда мешаванд. Ҳамзамон, 143 иншооти дигар бинобар тахриби биноҳо аз ин низом хориҷ шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар мавсими солҳои 2026–2027 тақрибан 3300 иншоот бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тибқи иттило 5 октябр «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» ба қубурҳои баъзе биноҳо дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ оби гарм интиқол дода, санҷишҳои техникӣ ва омодагӣ ба мавсими гармидиҳиро оғоз карданд.

Аз сокинон хоста шудааст, ки ҳолати қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии дохили биноҳоро санҷанд.

Аз 39 иншооти нав 10 адад дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 15 адад дар Сино, 12 адад дар Шоҳмансур ва 2 адад дар Фирдавсӣ ҷойгир мебошанд.

Ба ин рӯйхат 27 бинои истиқоматӣ ва 12 мактаб, кӯдакистон ва муассисаи давлатӣ дохил мешаванд.

«Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» ҳамчунин таъкид кардаанд, ки омодасозии шабакаҳо ва таҷҳизоти дохили хона ба зимистон бар дӯши соҳибони манзилҳо мебошад.

Онҳо бояд қубурҳо, таҷҳизот ва батареяҳои гармидиҳиро таъмир ё дар ҳолати зарурӣ иваз кунанд.

Барои масъалаҳои марбут ба ҳолати шабакаҳои гармидиҳӣ то нуқтаи воридшавии қубур ба бино сокинон метавонанд ба хадамоти диспетчерӣ бо рақамҳои 231-24-41, 231-75-01 ё рақами кӯтоҳи 1444 муроҷиат кунанд.

Душанбе ягона шаҳри Тоҷикистон бо низоми гармидиҳии марказӣ боқӣ мемонад. Одатан мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт охири моҳи октябр оғоз шуда, гармӣ асосан тавассути ТЭЦ-ҳои «Душанбе-1» ва «Душанбе-2» истеҳсол мешавад.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 8, 2026🌍 Таджикистан назвали одной из наиболее уязвимых стран региона к изменению климата 🇹🇯 Т…
  2. Oct 8, 2026📚 Дар мактабҳои Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ аз 1 ноябр оғоз мешавад Дар муассисаҳои таҳси…
  3. Oct 8, 2026🩺 Можно ли доверять ChatGPT вопросы о здоровье? И сможет ли искусственный интеллект когда…
  4. Oct 8, 2026⚡️ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тарҳи корхонаи бузурги коркарди нафт дар Осиёи Марказӣ…
  5. Oct 8, 2026🇹🇯 Эмомали Рахмон встретился с президентом Туркменистана в Авазе 🤝 8 октября в регионе…
  6. Oct 8, 2026🔴 Дар Душанбе пас аз муноқиша дар «Нонкабоб» ҷавони 25-сола боздошт шуд Кормандони ШВКД д…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →