🔴 Дар Душанбе пас аз муноқиша дар «Нонкабоб» ҷавони 25-сола боздошт шуд
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини 25-солаи пойтахт Абубакр Юсуфовро бо гумони авбошӣ боздошт карданд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тибқи иттилои мақомот, 7 октябр дар назди нуқтаи хӯроки тезтайёри «Нонкабоб», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, миёни Юсуфов ва сокини 37-сола Абдуҷаббор Собиров муноқиша сар задааст.
Гуфта мешавад, ки зимни ин муноқиша Юсуфов бо корд як маротиба ба минтақаи шиками Собиров зарба зада, дар натиҷа ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, айни ҳол санҷиши пешакӣ идома дорад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16432
72