📚 Дар мактабҳои Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ аз 1 ноябр оғоз мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр идома мекунад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.
Рӯзи 31 октябр дар мактабҳо натиҷаи семоҳаи аввали соли таҳсил ҷамъбаст шуда, баъди он хонандагон ба таътил мебароянд.
Дар давраи истироҳат ба хонандагон тавсия шудааст, ки вақти бештарро ба мутолиаи китобҳои ғайридарсӣ бахшанд.
Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ даври аввали олимпиадаҳои дохилимактабӣ баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар соли таҳсили 2026–2027 таътили зимистона аз 1 то 7 январ ва таътили баҳорӣ аз 25 то 29 март гузаронида мешавад.
Ҳамин тариқ, давомнокии таътилҳои хонандагон дар соли таҳсили нав тағйир намеёбад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16436
82
- 👍 1