🚘 Имрӯз дар чанд кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад
Имрӯз, 9 октябр, аз соати 14:00 то 16:00 ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода бурда, аз боздоштани беасоси воситаҳои нақлиёт дар қисми ҳаракатии хиёбони марказӣ худдорӣ кунанд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16440
72