TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 919 subscribers
Post #16434 62
⚡️ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тарҳи корхонаи бузурги коркарди нафт дар Осиёи Марказӣ таҳия шавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳия ва татбиқи тарҳи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафтро бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо дарназардошти ниёзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод қаблан низ ироа шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8 октябр, зимни Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Авазаи Туркманистон ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ кард.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки рӯйхати тарҳҳои афзалиятноки энергетикӣ таҳия шуда, роҳҳои имконпазири маблағгузории муштараки татбиқи онҳо муайян карда шаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар самтҳои нақлиёт, тағйирёбии иқлим, технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Oct 8, 2026🌍 Таджикистан назвали одной из наиболее уязвимых стран региона к изменению климата 🇹🇯 Т…
  2. Oct 8, 2026📚 Дар мактабҳои Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ аз 1 ноябр оғоз мешавад Дар муассисаҳои таҳси…
  3. Oct 8, 2026🩺 Можно ли доверять ChatGPT вопросы о здоровье? И сможет ли искусственный интеллект когда…
  4. Oct 8, 2026🇹🇯 Эмомали Рахмон встретился с президентом Туркменистана в Авазе 🤝 8 октября в регионе…
  5. Oct 8, 2026🔴 Дар Душанбе пас аз муноқиша дар «Нонкабоб» ҷавони 25-сола боздошт шуд Кормандони ШВКД д…
  6. Oct 8, 2026🔎 Таджикистан принял участие в международной конференции по поиску пропавших без вести 🇹…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →