🏔 Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ВМКБ ба маркази бузурги сайёҳӣ табдил дода шавад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки имкониятҳои бузурги сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои табдил додани минтақа ба маркази бузурги сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар ин соҳа истифода шаванд.
Ӯ 27 сентябр зимни суханронӣ дар Хоруғ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки табиати нодир, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, таомҳо ва анъанаҳои мардуми ВМКБ барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Парки миллии Тоҷикистон, қуллаҳои баландкӯҳ, роҳи байналмилалии Душанбе–Кӯлоб–Хоруғ–Қулма, водии Вахон, кӯлҳои Сарезу Қарокӯл ва чашмаҳои шифобахш аз ҷумлаи мавзеъҳое мебошанд, ки метавонанд сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кунанд.
Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки бо истифода аз ин имкониятҳо ВМКБ бояд ба яке аз марказҳои бузурги сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар минтақа табдил дода шуда, фарҳанг ва анъанаҳои меҳмоннавозии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ бештар муаррифӣ шаванд.
📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16224
78