⚖️ Дар Суғд зани 30-сола барои куштори бародараш 18 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи вилояти Суғд сокини 30-солаи ноҳияи Мастчоҳ Мунира Андаеваро барои куштори бародараш Равшани 35-сола ба 21 соли зиндон маҳкум кардааст. Бо назардошти авф муҳлати ҷазо ба 18 сол кам карда шудааст.
Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, рӯзи 12 июн Мунира ҳамроҳи бародар, хоҳар ва модараш машрубот истеъмол карда, миёни ӯ ва бародараш муноқиша сар задааст.
Тибқи тафтишот, Равшан ба тарафи хоҳараш стаканро ҳаво дода, ӯро маҷруҳ кардааст. Пас аз ин, Мунира бо болғаи резинӣ ба сару рӯи бародараш зарба задааст. Мард аз ҳуш рафтааст.
Тибқи фарзияи тафтишот, зан баъдан бародарашро ба ҳавлӣ бароварда, бо хишт низ задааст. Мард бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст.
Қаблан ВКД хабар дода буд, ки ба гуфтаи худи Андаева, бародараш аввалин шуда ба ӯ ҳамла кардааст.
Додгоҳ Мунира Андаеваро тибқи қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 21 соли маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум кардааст. Бо татбиқи қонуни авф муҳлати ҷазо 18 сол муайян шудааст.
Мавқеи худи Андаева, наздикон ва вакили дифоъ дар бораи парванда ва ҳукм маълум нест.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16258
91