TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 905 subscribers
Post #16177 71
✈️ Ҳавопаймои Теҳрон — Душанбе пас аз бозгашт дубора тавассути Озарбойҷон ва Қазоқистон парвоз кард

Ҳавопаймои ширкати эронии Varesh Airlines, ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз мекард, пас аз ҳодисаи рӯзи гузашта дубора ба Душанбе расид. Ба иттилои намояндагии ширкат дар Душанбе, ҳавопаймо соати 23:45 ба пойтахти Тоҷикистон фуруд омада, соати 01:00 ба Теҳрон баргаштааст.

Ин дафъа ҳавопаймо барои расидан ба Душанбе аз фазои ҳавоии Озарбойҷон ва Қазоқистон истифода кардааст. Ҳамин масирро рӯзи 25 сентябр барои парвози Машҳад — Душанбе — Машҳад низ истифода карданӣ ҳастанд.

Рӯзи 24 сентябр ҳавопаймои Varesh, ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз мекард, пас аз беш аз як соат парвоз маҷбур шуд ба фурудгоҳи Имом Хумайнӣ баргардад. Сабаб набудани иҷозаи Туркманистон барои убур аз фазои ҳавоии ин кишвар гуфта шуд.

Намояндагии Varesh дар Душанбе ба Asia-Plus гуфтааст, ки ширкат барои иҷрои парвоз иҷозат доштааст, аммо Туркманистон ба убури ҳавопаймо иҷозат надодааст. Дар ширкат ин тасмимро ба таҳримҳои ахири ИМА алайҳи Эрон рабт додаанд.

Тибқи маълумоти Flightradar24, ҳавопаймо рӯзи 24 сентябр 1 соату 8 дақиқа дар ҳаво қарор дошта, сипас ба Теҳрон баргаштааст.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
  • ❤ 1
More from @your_tj
  1. Sep 25, 2026🇹🇯🇰🇿 Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар робита ба ҳалокати низомиён ҳамдардӣ ка…
  2. Sep 25, 2026📌 В Душанбе к отопительному сезону планируют подключить 3300 объектов 🔥 В Душанбе продол…
  3. Sep 25, 2026Як донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳиву металлургии Бӯстон бо гумони корд задани ҳамкурсаш боздошт шу…
  4. Sep 25, 2026📌 Минэнерго Таджикистана объяснило перебои с электричеством утром 25 сентября ⚡️ 25 сентя…
  5. Sep 25, 2026📌 Кохир Расулзода обсудил с Ильхамом Алиевым Средний коридор и прямой рейс Душанбе — Баку…
  6. Sep 25, 2026💧 «Обу корези Душанбе» сабаби тағйири ранг ва бӯи обро дар Душанбе шарҳ дод Сокинони Душа…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →