🇹🇯🇰🇿 Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар робита ба ҳалокати низомиён ҳамдардӣ кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати низомиёни Қазоқистон зимни машқҳои ҳарбӣ ба президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар номаи тасаллият, ки 25 сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки хабари фоҷиабор боиси андӯҳи амиқи Эмомалӣ Раҳмон шудааст. Ӯ ба пайвандони ҳалокшудагон ҳамдардӣ баён карда, барои осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хостааст.
Ҳодиса рӯзи 24 сентябр дар вилояти Мангистауи Қазоқистон рух дод. Зимни машқҳои низомӣ дар соҳили баҳри Каспий бар асари бад шудани ногаҳонии вазъи ҳаво ва шиддат гирифтани шамол 19 низомиро баҳр бурд. Тибқи маълумоти навшуда, 14 нафар ба ҳалокат расида, 3 нафар захмӣ шудаанд.
Дар робита ба ҳодиса Додситонии кулли Қазоқистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Тафтишот аз рӯи гумони саҳлангорӣ ҳангоми иҷрои вазифа ва нақзи қоидаҳои киштиронӣ идома дорад.
25 сентябр дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни ин ҳодиса рӯзи мотами умумимиллӣ эълон шудааст.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16190
59
Your Tajikistan 🇰🇿 Дар Қазоқистон 25 сентябр ба хотири низомиёни ҳалокшуда мотами умумимиллӣ эълон шуд Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 25 сентябрро ба хотири низомиёни дар баҳри Каспий ҳалокшуда рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард. Фармони дахлдор дар сомонаи расмии…