Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд
Рӯзи 23 сентябр дар Душанбе маросими видоъ ва дафни варзишгари ММА Фирдавс Салоҳов, маъруф бо лақаби «Фирдавс Киллер», баргузор шуд. Дар бораи ҳалокати ӯ дар ҷанги Русияву Украина рӯзи 3 август хабар дода шуда буд. Санаи дақиқи марги ӯ маълум нест.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, Салоҳов зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ буда, тақрибан 10 сол пеш ба Русия рафта, дар он ҷо ба ҳайси мураббӣ кор мекард.
Гуфта мешавад, ӯ чанд моҳ пеш бо Вазорати дифои Русия шартнома баста ва ба ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, ки Салоҳов чӣ муддат дар майдони ҷанг қарор дошт.
Тибқи маълумоти лоиҳаи давлатии Украина "Зистан мехоҳам" («Хочу жить»), аз оғози ҷанг қариб 13 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд. Ҳудуди 80 ҳазор зодаи кишварҳои минтақа низ дар Русия ба қайди ҳарбӣ гирифта шудаанд.
Қонунгузории Тоҷикистон барои иштироки шаҳрвандони кишвар дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16195
76