💧 «Обу корези Душанбе» сабаби тағйири ранг ва бӯи обро дар Душанбе шарҳ дод
Сокинони Душанбе аз тағйир ёфтани ранг ва бӯи оби нӯшокӣ хабар доданд. Корхонаи «Обу корези Душанбе» сабаби ин ҳолатро боришоти шадид дар минтақаҳои баландкӯҳи Варзоб арзёбӣ кардааст.
Бар асари боришот сатҳи оби дарёи Варзоб боло рафта, ба он миқдори зиёди таҳшинҳо ва омехтаҳои табиӣ ворид шудаанд. Ин ҳолат муваққатан ба шаффофият, ранг ва бӯи об таъсир расонидааст.
Ба иттилои корхона, дар ин замина дар иншооти обтаъминкунӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, назорат пурзӯр карда шудааст. Намояндагони Маркази санитариву эпидемиологии Душанбе низ сифати обро санҷидаанд.
Дар озмоишгоҳи «Обу корези Душанбе» таъкид карданд, ки сифати об мунтазам назорат мешавад. Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар манбаи об, нишондиҳандаҳо ба меъёрҳои муқарраршуда баргаштаанд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16185
45