TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 904 subscribers
Post #16188 64
Як донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳиву металлургии Бӯстон бо гумони корд задани ҳамкурсаш боздошт шуд

ВКД Тоҷикистон аз боздошти донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон хабар дод, ки ба корд задани ҳамкурсаш гумонбар мешавад.

Ба иттилои вазорат, Алишер Ҳакимови 18-сола, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 24 сентябр тақрибан соати 10:00 дар назди кӯли шаҳри Бӯстон бо ҳамкурси худ Акбархоҷа Саодатзода, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, муноқиша кардааст.

Гуфта мешавад, Ҳакимов бо истифода аз корди хоҷагӣ ба Саодатзода ҷароҳати вазнин расонидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати Ҳакимов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ тибқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин модда аз 5 то 15 соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ангезаи муноқиша ва назари ҳар ду тараф маълум нест. Вазорат ҳамчунин дар бораи вазъи саломатии Саодатзода маълумот надодааст.

📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
More from @your_tj
  1. Sep 26, 2026📌 Таджикские кикбоксеры завоевали пять медалей на чемпионате мира в Италии 🥊 Сборная Тад…
  2. Sep 26, 2026📌 В Москве задержали разыскиваемого по делу о мошенничестве жителя Худжанда 🚔 В Москве з…
  3. Sep 26, 2026📌 Женская сборная Таджикистана разгромила Палестину на шахматной Олимпиаде в Самарканде ♟…
  4. Sep 25, 2026Додгоҳи олии Тоҷикистон 12 сол ҳукми як хонандаи мактабро, ки барои куштори Лутфулло Сафар…
  5. Sep 25, 2026Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд Рӯзи 23 се…
  6. Sep 25, 2026Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →