Тоҷикистон имрӯз бо Озарбойҷон бозии дӯстона анҷом медиҳад
Имрӯз, 23 сентябр, дар Боку бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дидор дар варзишгоҳи «Palms Sports Arena» соати 21:00 ба вақти Душанбе оғоз шуда, тавассути шабакаи «Футбол» мустақим пахш мегардад.
Ин бозӣ барои мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2027 ба ҳисоб меравад.
Ҳайати мураббиён дар ин вохӯрӣ имкони санҷиши бозигарон ва тактикаи дастаро дорад.
Ин сеюмин бозии дӯстонаи ду даста мебошад. Дар ду вохӯрии қаблӣ, ки солҳои 1993 ва 2007 баргузор шуданд, ҳарду маротиба Озарбойҷон пирӯз шудааст: мутаносибан 2:0 ва 3:2.
Пас аз ин бозӣ Тоҷикистон дар шаҳри Чунтсини Чин ду вохӯрии дигар анҷом медиҳад: 28 сентябр бо Фаластин ва 6 октябр бо Чин.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16124
62