TGViewer
Your Tajikistan Your Tajikistan @your_tj · 906 subscribers
Post #16134 60
Ҷудокорони тоҷик барои медалҳои Бозиҳои Осиёӣ то 150 ҳазор сомонӣ мегиранд

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои варзишгарони кишвар, ки дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медал мешаванд, ҷоизаҳои пулӣ муқаррар кардааст.

Тибқи қарори президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, барои медали тилло ба варзишгар 150 ҳазор сомонӣ, барои нуқра 100 ҳазор ва барои биринҷӣ 80 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Ба иттилои Федератсия, ин иқдом ба хотири дастгирии молии ҷудокорон, ҳавасмандсозии онҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд ва рушди ин намуди варзиш амалӣ мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки маблағи ҷоизаҳо аз буҷаи худи Федератсияи ҷудо пардохт мешавад ё манбаи дигари маблағгузорӣ дорад.

Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии имсола, ки дар Ҷопон баргузор мешаванд, то ҳол 4 медал — ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст овардааст.
More from @your_tj
  1. Sep 23, 2026Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд, ҳангоми м…
  2. Sep 23, 2026📌 Число предприятий с таджикским капиталом в Узбекистане за год выросло на 32% 🇹🇯🇺🇿 З…
  3. Sep 23, 2026📌 В Душанбе за девять месяцев произошло 40 ДТП с общественным транспортом 🚌 За девять ме…
  4. Sep 23, 2026🇹🇯🇩🇪 Тоҷикистон ва ширкати олмонии «Premium Food Group» ҳамкории меҳнатиро баррасӣ кар…
  5. Sep 23, 2026Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд Имрӯз, 23 сентябр, соати 10:46 ба вақти маҳа…
  6. Sep 23, 2026📌 На юге ГБАО произошло землетрясение 🌍 23 сентября в 10:46 по местному времени в Таджик…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →