🇹🇯🇩🇪 Тоҷикистон ва ширкати олмонии «Premium Food Group» ҳамкории меҳнатиро баррасӣ карданд
22 сентябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мулоқоти муовини якуми вазир Насим Каримзода ва муовини вазир Шариф Норзода бо менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» Томас Фёрстер баргузор шуд.
Ҷонибҳо имкониятҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори меҳнати Олмонро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои муайян кардани талаботи бозори меҳнати Олмон ба мутахассисон, интихоби кадрҳо, омодагии касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зарурати ташкили низоми шаффоф ва пайдарпайи ҷалби қувваи кориро аз муайян кардани талаботи корфармо то интихоби номзад ва омодасозии онҳо баррасӣ карданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда омодагӣ изҳор намуданд.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16132
64