⚡️ Тоҷикистон ва Гренада низоми раводидро бекор мекунанд
Тоҷикистон ва Гренада барои мутақобилан бекор кардани талаботи раводид миёни ду кишвар созишнома имзо карданд.
Ҳуҷҷатро 22 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири молияи Гренада Денис Корнвол ба имзо расониданд.
Тибқи иттилои ВКХ, ҷонибҳо инчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.Ҷузъиёти дигари созишнома ҳанӯз нашр нашудааст.
Гренада дар ҷанубу шарқи Амрикои Шимолӣ ҷойгир буда, масоҳаташ беш аз 340 километри мураббаъ ва аҳолиаш тақрибан 120 ҳазор нафар аст.
📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Post #16123
70
- 😁 1