МАҲДУДИЯТ БАРОИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ НАҚДӢ АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз 29 сентябри соли 2026 тартиби интиқоли пули нақдӣ тағийр ёфта, аз Федератсияи Россия барои интиқоли пули миллии нақдӣ маҳдудияти нав муқаррар карда шудааст.
Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 29 сентябри соли 2026, №706, ба шахсони воқеӣ интиқоли пули нақдӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои дигар ба маблағи зиёда аз 1 000 000 (як миллион) рубл манъ карда шудааст. Талаботи муайяншуда ба маблағҳои нақдӣ марбут мебошад.
Ҳамзамон, барои шахсони воқеӣ дар ҳолатҳои пешниҳод намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ имкони интиқоли маблағи зиёда аз 1 миллион рубл тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ имконпазир мебошад.
Дар ин ҳолат зарур аст, ки барои тамоми маблағи интиқолшаванда маълумотномаи (выпискаи) бонкӣ, ки гирифтани маблағ аз суратҳисоб ё пасандози шахсро тасдиқ мекунад, ё дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шаванд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ҳаҷми маблағи нақди интиқолшавандаро ба инобат гирифта, талаботи нави қонунгузории Федератсияи Россияро дар самти интиқоли маблағҳои нақдӣ риоя намоянд.
Дар сурати вайрон намудани маҳдудияти мазкур, маблағи нақде, ки аз як миллион рубл зиёд мебошад, аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия мусодира карда мешавад.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд, ки ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Россия талаботи қонунгузории амалкунандаро қатъиян риоя намуда, пеш аз сафар ҳангоми интиқоли маблағи калон тартиби муқарраршударо пешакӣ муайян намуда ва ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, ба корманди масъули мақомоти давлатии сарҳадбонӣ пешниҳод намоянд.
Дар ҳолати пеш омадани мушкилот, пайдо гардидани савол дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд бо масъулини Намояндагӣ дар тамос шаванд.
Телефонҳо барои тамос:
1. Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
3.Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Твер, Смоленск ва Ярославская +7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 1009559;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)9632569;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 3447777;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 3885411;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 3414599;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(985) 2970835;
11.Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 4635519
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
Post #1308
153

- 👍 4