TGViewer
Предминтруда РТ в РФ Предминтруда РТ в РФ @predmintrud_rt_rf · 841 subscribers
Post #1302 241
Масъулини Намояндагӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи захираҳои обӣ вохӯрӣ намуданд
 
Дар доираи сафари корӣ дар Ҳавзаи Шимолу Ғарб масъулини Намояндагӣ дар Муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ бо роҳбарият ва муҳассилини муассисаи мазкур – шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.
Дар муассисаи мазкур масъулини Намояндагӣ, нахуст бо директори Коллеҷи захираҳои обӣ Андреев Валерий Евгеньевич мулоқот намуда,  иттилоъ дода шуд, ки муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ барои омода намудани кадрҳои коргарӣ мутобиқ ба бозори меҳнати Федератсияи Россия фаъолият намуда истода, дар он зиёда аз 55 нафара шаҳрвандонамон таҳсил намуда истодаанд. Дар вохӯрии, ҳамзамон, корманди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург иштирок намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисон ҷавобгӣ ба талаботи бозори меҳнат, таҳким ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории вохӯриҳои судманд ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар ин замина, масъулини Намояндагӣ дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи захираҳои обӣ бо зиёда аз 50 нафар шаҳрвандонамон вохӯрӣ намуда, масъалаи талаботҳои қонунгузории будубоши шаҳрвандон, танзими раванди таҳсил ва имкониятҳои мавҷуда дар муассисаи мазкур, саривақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ва ҷавонон, гаравиш ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, равияҳои диниву мазҳабӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва нигоҳ доштани ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ, забон, фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқи тоҷик фаҳмонида шуда, тавсия дода шуд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва таърихи халқи кишвари иқоматро эҳтиром намуда, талаботҳои қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.
Дар идомаи суҳбат аз ҷониби муҳассилини муассисаи мазкур саволҳо оид ба раванди таълим ва будубош дар кишвари иқомат пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
 
 
В рамках рабочей поездки в Северо-Западном округе сотрудники Представительства встретились с руководством и учащимися государственного учреждения «Колледж водных ресурсов» – гражданами Таджикистана.
В данном учреждении сотрудники Представительства сначала встретились с директором Колледжа водных ресурсов Андреевым Валерием Евгеньевичем, и было сообщено, что государственное учреждение «Колледж водных ресурсов» функционирует для подготовки рабочих кадров в соответствии с рынком труда Российской Федерации, и в нём обучаются более 55 наших граждан Таджикистана. Во встрече также принял участие сотрудник Генерального консульства Республики Таджикистан в городе Санкт-Петербурге.
В ходе встречи сторонами были обсуждены вопросы пребывания граждан Республики Таджикистан, подготовки специалистов в соответствии с требованиями рынка труда, укрепления двустороннего сотрудничества, проведения полезных встреч для оказания правовой помощи.
В этом контексте сотрудники Представительства в зале заседаний Колледжа водных ресурсов встретились с более чем 50 нашими гражданами, разъяснили вопросы требований законодательства о пребывании граждан, регулирования учебного процесса и имеющихся возможностей в данном учреждении, своевременного оформления документов на пребывание, предотвращения преступных случаев среди несовершеннолетних и молодёжи, склонности к экстремистским и радикальным группам, реакционным партиям и движениям, религиозно-конфессиональным течениям, профилактики инфекционных заболеваний и соблюдения санитарно-гигиенических норм, воспитания патриотизма и национальной гордости, уважения к национальным и государственным ценностям, языку, культуре и драгоценному наследию таджикского народа, и было рекомендовано уважать культурные и исторические ценности страны пребывания и соблюдать требования законодательства страны пребывания.
В продолжение беседы учащимися данного учреждения были заданы вопросы о процессе обучения и пребывания в стране проживания, на которые им были даны конкретные ответы.
  • 👍 6
  • 🙏 2
More from @predmintrud_rt_rf
  1. Oct 2, 2026ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ШАҲРВАНДОН (МУҲОҶИРОН) БА ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ ВА ИФРОТГАРО — ВАЗИФАИ ҲАР…
  2. Oct 1, 20261 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри м…
  3. Oct 1, 20261 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри м…
  4. Oct 1, 2026МАҲДУДИЯТ БАРОИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ НАҚДӢ АЗ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагӣ ба маълумоти шаҳ…
  5. Sep 30, 2026ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ САФАР БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд пеш аз…
  6. Sep 29, 2026Вохӯрӣ бо соҳибкори бурунмарзӣ вобаста ба ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ Дар…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →