ОМОДАГИИ ПЕШ АЗ САФАР БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд пеш аз сафар ба хориҷи кишвар бояд ҳатман омодагии зарурӣ дида, дар бораи кишваре, ки ба он сафар мекунад, маълумоти пурра дошта бошад ва аз қонунгузории кишвари қабулкунанда огоҳ бошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва омодагии шаҳрвандон пеш аз сафар ба хориҷи кишвар барои фаъолияти меҳнатӣ, азхуд намудани касбу тахассусҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунанда, огоҳӣ аз тартиби воридшавӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатӣ, инчунин таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишвар, дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират ва «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа», фаъолият менамоянд.
Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти сафар ба хориҷи кишварро дорад, метавонад пеш аз сафар аз мутахассисони муассисаҳои болозикр тавсия ва машваратҳои ройгон гирад.
Шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва Раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҳамарӯза фаъолият намуда, мутахассисони соҳа ба шаҳрвандон машварат ва тавсияҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод менамоянд.
Дар сохтори Хадамоти муҳоҷират инчунин «Маркази омодагии пеш аз сафар» фаъолият менамояд. Муассисаи мазкур шаҳрвандонро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ омода намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар омодагии зарурӣ фароҳам меорад. Дар маркази мазкур инчунин омӯзиши касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат оид ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ташкил карда мешаванд.
Барои касбомӯзии шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касби муосир» фаъолият менамояд. Шаҳрвандон метавонанд барои омӯзиши касбу ҳунар ба муассисаи мазкур ва ё филлиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намуда, ба таълим ва касбомӯзӣ машғул шаванд.
Барои дарёфти ҷойи кори мувофиқ дар хориҷи кишвар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат намуда, ҷойи кори мувофиқро дар ширкатҳои боэътимод интихоб намоянд.
Агар шаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ Федератсияи Россияро интихоб намояд, зарур аст, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия амал намуда, меъёрҳои муқарраргардидаи онро риоя намояд.
Шаҳрвандон пеш аз сафар метавонанд ба филиали Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121, муроҷиат намуда, расмиёти заруриро вобаста ба омодагӣ барои сафар ба Федератсияи Россия анҷом диҳанд. Аз ҷумла, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани сертификати донистани забони русӣ, анҷом додани расмиёти бақайдгирии изи ангушт ва дигар расмиёти зарурӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин шаҳрвандон метавонанд аз хизматрасониҳои муассисаи мазкур истифода бурда, пеш аз сафар мавҷудияти маҳдудияти воридшавӣ ба Федератсияи Россияро санҷида, танҳо баъд аз гирифтани маълумоти зарурӣ чиптаҳои ҳавопаймоӣ харидорӣ намоянд.
Аз 1 июли соли 2026 дар доираи таҷрибаи ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ барои шаҳрвандони давлатҳое, ки бо Федератсияи Россия низоми бераводид доранд ва бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ё таҳсил ворид мешаванд, тартиби пешниҳоди электронии маълумоти зарурӣ тавассути барномаи «Госуслуги RuID» татбиқ мегардад. Таҷрибаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510, то 31 декабри соли 2027 тамдид шудааст.
Пеш аз сафар шаҳрванд бояд:
• дар барномаи RuID ҳисоби шахсӣ таъсис диҳад;
• маълумоти шиносномавӣ ва дигар маълумоти заруриро ворид намояд;
• мақсади воридшавӣ ва маълумоти марбут ба сафари пешбинишударо нишон диҳад;
• акси худро пешниҳод намуда, расмиёти муайянкунии биометриро анҷом диҳад;
• аризаи электронии воридшавиро пешакӣ пешниҳод намояд;
• рамзи QR-и дар натиҷаи пешниҳоди ариза эҷодшударо нигоҳ дорад.
Мувофиқи тартиби амалкунанда, аризаи воридшавӣ, чун қоида, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз ворид шудан пешниҳод карда шавад.
Post #1307
207

- 👏 3
- 👍 2
- 🙏 1