Мавлуд хуҷаста бод, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ҷаноби Олӣ,
Бо ибрози эҳтироми самимӣ Шуморо ба муносибати ҷашни мавлудатон самимона шодбош гуфта, дар ин санаи фараҳбахш бароятон умри дароз, саломатии қавӣ ва саодати оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатдориатон фатҳи қуллаҳои нав ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу некуаҳволӣ ва рушди устувор орзумандем.
Муҷиби ифтихори мост, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор, ободонӣ ва пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Кишвари соҳибистиқлоламон имрӯз бо ташаббусҳои созанда ва мавқеи фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои обу иқлим ва даъват ба ҳамзистии осоиштаи созанда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кардааст.
Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистон муосир ва болоравии обрӯву эътибори Ватани маҳбубамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо номи Шумо, Ҷаноби Олӣ, пайванди ногусастанӣ доранд.
Итминони комил дорем, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати мақсадноки Шумо дар роҳи пешрафти таҷдиди ҳамачониба дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла энергетика ва захираҳои об боз ҳам уфуқҳои тозаро касб менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Шумо, муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва аъзои оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми шарифи кишвар рифоҳу осоиштагии пойдор таманно менамоем.
Бо арзи сипос ва орзуҳои нек,
Кормандони соҳаи энергетика ва захираҳои об
✅@mewrtj
Post #4243
29